Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои ҷамъиятии расонандаи ёрии ҳуқуқӣ ва ташкилотҳои адвокатии ҳавасмандро ҷиҳати изҳори манфиатдорӣ вобаста ба расонидани хизматрасонии машваратӣ даъват менамояд.
Номгӯи фармоиш: Расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон аз рӯи намунаи (модели ) №3 –и Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҳисоби маблағҳои грантии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид № ID: 00088416 амалӣ мегардад.
Озмун ҷиҳати таҷрибакунонии модели 3-и расонидани ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа дар минтақаҳои муайяни таҷрибавии (пилотии) Водии Рашт ва Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон аз рӯи Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ, расонидани ёрии ҳуқуқии ройгони ихтисоснок баҳри таҳкими дастрасии табақаҳои осебпазири аҳолӣ ба адолати судӣ гузаронда мешавад.
Вазифаҳои асосии тендер инҳо мебошанд:
- расонидани ёрии ҳуқуқии ихтисоснок ба аҳолӣ;
- ҳалли баҳсҳо то муроҷиат ба суд;
- баланд бардоштани дониши ҳуқуқии аҳолӣ;
- таъмини татбиқ ва ҳифзи ҳуқуқҳо, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон;
- холисӣ ва беғаразӣ ҳангоми расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ва саривақтӣ будани он;
- баробарии шаҳрвандон оид ба дастрасӣ ба ёрии ҳуқуқии ройгон ва роҳ надодан ба табъиз;
- таъмини дастрасии аҳолӣ ба адолати судӣ.
Ташкилоти машваратӣ бояд маълумоти тасдиқкунандаи сатҳи тахассуснокии худ ва таҷрибаи кофӣ барои иҷрои хизматрасонии болозикрро дар шакли брошураҳо, тавсифоти ташкилот таъмин намуда, таҷрибаи иҷрои хизматрасонии шабеҳ ва тахассуси кормандони ба татбиқи лоиҳа ҷалбшавандаро пешниҳод намоянд.
Маҳакҳои (критерияҳои) ворид намудан ба рӯйхати мухтасари мушовирон:
- далели қобилияти ҳуқуқӣ ва дар минтақаҳои таҷрибавӣ филиал ё намояндагӣ (шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ, иқтибос аз Феҳристи ягонаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ);
- мавҷудияти захираҳои инсонӣ ва маъмурӣ (ҳолномаи (резюме) ҳайати мушовирони (ҳуқуқшиносони) асосӣ, нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мавҷудияти воситаҳои асосӣ (дафтари корӣ, воситаҳои техникии маъмурӣ);
- далели тасдиқкунандаи мавҷудияти таҷрибаи корӣ дар самти расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон (қарордодҳои иҷрошудаи қаблии шабеҳ бо пешниҳоди ҳисоботҳои оид ба лоиҳаҳои татбиқгардидад дар ин самт);
- далели мавҷуд будани суръатҳисоби бонкӣ (маълумотнома аз бонки хизматрасон);
- далели мавҷуд набудани қарзҳои батаъхирмонда оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои давлатии ғайрибуҷетӣ (маълумотномаи нозироти андози маҳали қайд).
Ташкилотҳои ҳавасманд метавонанд дархостҳои манфиатдории худро, ҳам дар шакли инфиродӣ ва гурӯҳӣ (консортсиум) пешкаш намоянд. Аъзоёни консортсиум барои иҷрои вазифаҳо масъулияти муштарак бар душ доранд.
Дархост ҷиҳати изҳори манфиатдорӣ, бояд аз ҷониби шахсони манфиатдор шахсан, ба тариқи почта, факс, ё ин ки почтаи электронӣ дар муҳлати 14 рӯз аз санаи нашри дархости мазкур дар васоити ахбори омма пешниҳод гардад. Довталабон метавонанд барои дастрас намудани маълумоти бештар дар давоми соатҳои аз 09:00 то 17:00 ба суроғаи зерин муроҷиат намоянд.
Ба ташкилотҳои ҷамъиятии расонандаи ёрии ҳуқуқӣ ва ташкилотҳои адвокатие, ки ба рӯйхати мухтасари мушовирон шомил мегарданд, даъватнома оид ба ирсоли пешниҳоди тендерӣ ва супориши техникии озмунӣ дастрас мегардад.
Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба директори Агентӣ Б. Сироҷиддинзода
Кӯчаи Шота Руставели №22, ш.Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тел: (+992 37) 221 66 04; e-mail: info@zakupki.gov.tj