ОБЪЯВЛЕНИЕ

29 июня 2016 г.

Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ва кормандони техникӣ

ОЗМУНИ КУШОДА ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

Номгӯи мансабҳо:

1. Шуъбаи таҳлил, назорат ва таъмини иттилоотии хариди давлатӣ: сармутахассис - 1 воҳид (таҳсилоти олӣ дар соҳаи иқтисодиёт, собиқаи хизмати давлатӣ на кам аз 2 сол, ё собиқаи умумии мехнатӣ аз руи ихтисос на кам аз 3 сол).

2. Бахши хуқуқ, такмил ва мониторинги хариди давлатӣ:
сармутахассис - 1 воҳид (таҳсилоти олӣ дар соҳаи ҳукуқ, собиқаи хизмати давлатӣ на кам аз 2 сол, ё собиқаи умумии мехнатӣ аз руи ихтисос на кам аз 3 сол).

3. Бахши молия ва баҳисобгирии мухосибавӣ:
мутахассиси пешбар - 1 воҳид (тахсилоти олӣ дар соҳаи молия, муҳосибот; иқтисодиёт, собиқаи умумии мехнатӣ аз руи ихтисос на кам аз 1 сол).

4. Котиб-коргузор -1 воҳид (таҳсилоти олӣ ва ё миёнаи махсус дар соҳаи гуманитарӣ, собиқаи умумии мехнатӣ аз рӯи ихтисос на кам аз 1 сол).

Малакаи хуби кор бо компютер ва таҷҳизоти коммуникатсионии идоравӣ, донистани забони давлатӣ барои ҳамаи довталабон ҳатмист, ба донандагони забонҳои хориҷӣ ва дорандагони унвонҳои соҳавии илмӣ афзалият дода мешавад.

Довталабон ба Комиссия озмунӣ ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:

  • аризаи шахсӣ барои иштирок дар озмун ба Комиссияи озмун (шакли муқарраршуда);
  • варақаи шахсии баҳисобгирии кадрӣ (бо ду адад акси 4x6); 
  • шарҳи хол;
  • нусхаи шиноснома;
  • нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот;
  • нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи меҳнатӣ (дафтарчаи меҳнатӣ);
  • нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсони уҳдадори ҳарбӣ);
  • маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 086); 
  • нусхаи гувоҳнома аз мақомоти андоз (РМА);
  • маълумотнома аз ҷои зист;
  • нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН) 
  • нусхаи хатти ақди никоҳ;

Довталабон метавонанд хуҷҷатҳои талабгардидаро тавассути суроғаи электронии info@zakupki.gov.tj ё шахсан ба бахши кадрҳои Агентӣ (ш. Душанбе, кучаи Шота Руставели, 22, тел.: 227-66-21) пешниҳод намуда, маълумоти иловагиро оид ба низоми озмун, салоҳият ва вазифаҳои мансабӣ дастрас намоянд.
Мӯҳлати ниҳоии қабули хуҷҷатҳо то соати 17.00 баъд аз гузаштани муҳлати 14 рӯзи нашри эълони мазкур дар васоити ахбори омма.