Ҳисоботи соли 2015

 ҲИСОБОТ
оид ба фаъолияти Агентии хариди давлатии мол, кор
ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар соли 2015

 Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ», Низомномаи Агентӣ ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳавиро мавриди фаъолият қарор додааст.

Дар соли 2015, дар маҷмўъ тавассути комиссияҳои муштараки Агентӣ бо ташкилотҳои харидори ғайрисоҳибихтисос, 4517 дархости тендерӣ ба маблағи  816 млн. 453 ҳазору 715 сомонӣ мавриди расмиёти хариди давлатӣ қарор дода шуда, дар натиҷа ба маблағи умумии 777 млн. 139 ҳазору 299 сомонӣ тавсияҳо барои бастани қарордодҳо пешниҳод карда шудаанд. Ҳаҷми маблағҳои ба озмун аз ҷониби ташкилотҳои харидор пешниҳодшуда нисбат ба соли 2014 ба андозаи  64 млн. 459 ҳазору 168 сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Ҳисоботи Агентӣ барои соли 2015