Хариди давлатӣ механизми қонеъ намудани талаботи давлат ба мол, кор ва хизматрасонӣ буда, ба ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт таъсири назаррас мерасонад ва қисми ҷудонашавандаи иқтисоди бозаргонӣ мебошад, азбаски харид барои эҳтиёҷоти давлатӣ дар бозор ба амал меояд ва барои амалӣ гардидани он механизмҳои бозор истифода бурда мешаванд. Нишондиҳандаҳои асосии бомуваффақ амалӣ гардидани системаи хариди давлатӣ хароҷоти пурсамар ва сарфакоронаи маблағҳои давлатӣ, шаффофият ва беғаразии расмиёти хариди давлатӣ, васеъ намудани доираи иштирокчиёни хариди давлатӣ, коҳиш ёфтани миқдори шикоятҳо ба амалҳои иштирокчиёни хариди давлатӣ мебошад.
Бо мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ", ки дар асоси модели маъмулии ЮНСИТРАЛ таҳия гаштааст, хариди давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли наверо ба худ касб намудааст, ки ба талаботи замон оид ба амалӣ намудани расмиёти хариди давлатӣ ҷавобгӯ мебошад.
Сарфи назар аз он, ки системаи хариди давлатӣ дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ устувор буда, иштирокчиёни он, ҳам ташкилотҳои харидор ва ҳам бахши хусусӣ, нисбати он эродҳои зиёде нагирифтаанд, ҳолати ҷории соҳаи мазкур пурра қаноатбахш эътироф шуда наметавонад. Таҳлили муқоисавӣ бо системаҳои хариди давлатии мамлакатҳои дигар аз мавҷуд набудани стратегияи дарозмӯҳлати рушд, ки усулҳои нави расидан ба мақсадҳо оид ба хароҷоти самарабахши маблағҳои давлатиро дар бар мегирад, шаҳодат медиҳад.
Дар кишварҳои таракқиёфта, ҳамчунин дар аксари мамлакатҳои рӯ ба таракқӣ, хариди давлатӣ аллакай ба марҳилаи истифодаи технологияҳои итилоотии муосир ба ҷои анҷом додани расмиёти харид бо формати коғазӣ гузаштааст ва номи хариди ҳукуматии электрониро гирифтааст. Хариди электронӣ маънои амалӣ намудани расмиёти харид бо истифодаи технологияи иттилоотиро дошта, ҳалли муносиб ва самараноки бисёр мушкилоте мебошад, ки дар рафти амалӣ намудани харид бо тариқи анъанавӣ ба миён меояд.
Омилҳои асосие, ки таҳия ва татбиқи Барномаи мазкурро водор месозанд, зарурати ташкили фазои ягонаи иттилоотӣ оид ба кулли хариди давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи шаффофияти хариди давлатӣ дар ҳамаи марҳилаҳои он, сатҳи нокифояи рақобат, бахусус ҳузури ками молрасонони хориҷӣ дар соҳаи хариди давлатӣ, мавҷуд набудани ҳамоҳангсозии аниқи харид бо нақшаҳои солонаи харид, талабот оид ба баҳисобгирӣ ва ташаккули маълумоти омории марказонидашуда дар асоси технологияҳои муосири иттилоотӣ, таҳкими назорати давлатӣ ва бунёди мониторинги ҷамъиятии хариди давлатӣ мебошанд. Барномаи мазкур механизми ҷории яке аз унсурҳои ҳукумати электронӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, № 643 "Дар бораи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" пешбинӣ шудааст, маҳсуб меёбад.
Бартарияти хариди электронӣ аз назаррас баланд бардоштани сатҳи шаффофияти расмиёти харид, пешниҳод намудани дастрасии баробар ва номаҳдуд барои иштирок, паст намудани нархҳои харид дар натиҷаи афзоиши рақобат, кам гардидани мӯҳлати расмиёти харид ва хароҷот барои амалӣ намудани он, пурзӯр намудани назорати давлатӣ ва ҷамъиятӣ, созмондиҳӣ ва пешниҳоди дастрасӣ ба маҳзанҳои электронии маълумот оид ба ташкилотҳои харидор, молрасонон (пудратчиён) ва қарордодҳои басташуда иборат мебошад.