Гранти Бонки Ҷаҳонӣ

Ба Агентӣ аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ гранти IDF №TF016491-TJ ба маблағи 450000 доллари ИМА ҷудо гардидааст. Дар давоми сол, чораҳои ташкилӣ андешида шуда, ҳамоҳангсози лоиҳа ба кор қабул карда шудааст. Мақсади асосии лоиҳа ин такмили низомҳои мавҷудаи хариди электронӣ, аз ҷумла низоми худкори хариди давлатӣ (хариди электронӣ) ва Портали ягонаи хариди давлатӣ,  баргузории тренингҳо ва таҳияи модули озмуни электронии номаҳдуд мебошад. Баҳри ҷалби ширкатҳои таҷрибадор озмуни байналмилалӣ эълон гардида, аз 15 довталаби давлатҳои Аврупо, ИМА, Осиё ва ИДМ айни ҳол рӯйхати кӯтоҳ иборат аз 6 ширкат тартиб дода шудааст. Лоиҳаи фармоиши техникӣ омода гардида, мавриди такмил ва мувофиқа қарор дода шудааст.

Дар баробари ин, татбиқи компоненти 3 «Такмили низоми хариди давлатӣ, хариди электронӣ ва инфрасохтор» ба маблағи 2,2 млн.доллари ИМА дар доираи Лоиҳаи дуюми модернизатсияи идоракунии молияи давлатӣ, ба гузариш ба низоми такмилёфтаи хариди электронӣ, ки унсурҳои нави технологияҳои иттилоотиро дар бар мегирад, вусъат мебахшад.