Кодекси одоб

Бо Фармоиши Директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Б.Сироҷиддинзода
аз «18» апрели соли 2016, №41
тасдиқ карда шудааст


Кодекси одоби
корманди соҳаи хариди давлатӣ

Хариди давлатӣ соҳае мебошад, ки ба марҳилаҳои гуногуни он роҳбарон ва кормандони масъули тамоми муассисаю ташкилотҳои давлатӣ шомил гардида, унсури муҳими идоракунии давлатии молиявӣ ва дар баробари дигар омилҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар ба як дараҷае инъикосгари сатҳи ахлоқии ҷомеа ба шумор меравад.
Кодекси мазкур аз қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонї», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи хариди давлатӣ асос ёфта, нисбат ба корманди мақомоти ваколатдор оид ба хариди давлатӣ ва корманди ташкилоти харидор, ки ба ҷараёни хариди давлатӣ ҷалб карда шудааст ва/ё мустақим ё ғайримустақим ба ҷараёни хариди давлатӣ таъсир расонида метавонад (минбаъд – харидор), паҳн мегардад.

Кодекси одоби корманди соҳаи хариди давлатӣ