Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолкунандагон ва молрасонҳои ватаниии маводи ғизоӣ, мебел, маводҳои конселярӣ, таҷҳизоти компютерӣ, доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ, сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ, барои ба қайдгирӣ дар портали электронии хариди давлатӣ даъват менамояд. Ба таваҷуҳи тарафҳои ҳавасманд расонида мешавад, ки баъд аз гузаштани расмиёти бақайдгирӣ ва омӯзишӣ, онҳо имконияти иштироки минбаъдаи новобастаро дар озмунҳои хариди давлатӣ тариқи низоми электорнӣ пайдо менамоянд.
Бо маҷмуъи ҳуҷҷатҳо ва тартиби бақайдгирӣ молрасонон метавонанд дар сомонаи Агентӣ - http://help.zakupki.gov.tj фасли «Бақайдгирии иштирокчиён» (Регистрация Участников) шинос гарданд.
Маълумотҳои иловагиро бо суроғаҳои зерин гирифтан мумкин аст :
e-mail: info@zakupki.gov.tj ; Телефон:(+992 44) 600 03 04