ДАЪВАТНОМА БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН

18 апреля 2016 г.

ДАЪВАТНОМА БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН

(ДИО № 461/3-123-1Р аз 18 апрели соли 2016) 

1.         Бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти ташкилоти харидор – Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар озмуни харид “аз тариқи иштироки маҳдуд” субъектҳои соҳаи табъу нашри ватаниро, новобаста аз шакли моликияташон, барои ҳуқуқи бастани шартнома ҷиҳати ба табъ расонидани китоби “Фарҳанги тибби ниёгон” даъват менамояд.

2.         Тавсифоти техникӣ вобаста ба омодаю таҳия кардани китоби “Фарҳанги тибби ниёгон”: андоза - 210 х 257 мм (60х90 1/8), ҳаҷм - бастаи дохилӣ 800 саҳифа, қоғази шамуа 1/1, 70 гр.; муқова - дурушт, матои бумвинили сабз + нақшкӯбии беранги гофре (нақшу нигор) + зарҳалкӯбии номи китоб дар муқова ва  ҷои шерозабандии китоб; миқдор - 350 адад.

3.         Довталабон бояд ба талаботҳои таххасусии муҳимтарини зерин ҷавобгӯй бошанд:

-          тибқи қонунгузории амалкунанда ба ҳайси - резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайд гирифта шуда бошанд;

-          тибқи муқаррароти моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи табъу нашр” фаъолияти табъу нашриашон аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисобгирифта шуда бошад;

-          дар ҳайси омодагари маҳсулоти чопӣ дорои маҷмӯи пурраи таҷҳизоти технологии худ вобаста ба таҳия ва табъ расондани маҳсулоти ниҳоии чопӣ бошанд;

-          ҳадди ақал як далелии (намунаи) дар таҷҳизоти технологии худ ба табъ расонидани маҳсулоти чопии хосияти энсиклопедӣ доштаро пешниҳод намоянд.

Талаботҳои муфассал нисбат ба иштирокчиён, инчунин талаботҳо оид ба тартиби пешниҳод намудани маводҳои мутобиқатӣ ба онҳо дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ дарҷ гардидаанд.

4.         Субъектҳои соҳаи табъу нашри ватанӣ -  интишоротҳо ва корхонаҳои полиграфӣ бо дархости хаттии худ ба Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  метавонанд бо мӯҳтавои ҳуҷҷатҳои тендерӣ пешакӣ шинос гардида, баъд аз пардохт намудани ҳаққи бебозгашт дар андозаи 170 сомонӣ  онҳоро дастрас намоянд.

5.         Қабули пешниҳоди тендерии иштирокчиён дар намуди лифофаҳои мӯҳркардашуда аз ҷониби котиби масъули комиссияи тендерӣ (Саидов М.С.) дар бинои Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ш. Душанбе, кӯчаи Шота Руставелли, 22 то 26 апрели соли 2016 соати 14.00 амалӣ мегардад. Мӯҳлати муқаррагардида мӯҳлати ниҳоӣ мебошад, ки баъд аз анҷоми он дархостҳои тендерӣ қабул карда намешавад.

6.         Расмиёти кушодани лифофаҳои дархостҳои тендерии довталабон аз тарафи комиссияи тендерӣ дар маҷлисгоҳи Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ш. Душанбе, кӯчаи Шота Руставелли, 22 санаи 26 апрели соли 2016 дар соати 14.05 баргузор мегардад.

Ба намояндагони салоҳиятдори довталабон ҳуқуқи иштирок дар раванди кушодашавии лифофаҳо пешниҳод мегардад.