Муҷозот

Чораҳои ҷавобгўии маъмурӣ дар соҳаи хариди давлатӣ

Мутобиқи моддаи 707 мақомоти хариди мол (кор ва хизматрасонӣ) дар доираи салоҳияти худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаи 519 Кодекси мазкур пешбинї гардидаанд, баррасӣ менамояд.

Моддаи 519. Риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ

  1. Барои риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, -
    • ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
  2. Барои қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба хариди давлатии мол, кор ва хизматрасониро иҷро накардани ташкилот, корхона ва муассисаи соҳаи харид тавассути истифодаи маблағҳои давлатӣ,
    • ба шахсони мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.


Эзоҳ: Мақомоти ваколатдор оид ба татбиқи сиёсат дар соҳаи хариди давлатӣ Агентии хариди давлатии мол,кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст.