Мақоми ТХС

Низомномаи
Комиссияи тахассусӣ оид ба додани мақоми
ташкилоти харидори соҳибихтисос

Низомномаи Комиссияи тахассусӣ оид ба додани мақоми ташкилоти харидори соҳибихтисос (минбаъд – Комиссияи тахассусӣ) асосҳои ташкилию ҳуқуқии таъсис ва фаъолияти Комиссияи тахассусиро муайян менамояд.

1. Муқаррароти умумӣ

1.1. Комиссияи тахассусӣ мақоми ҳокимияти иҷроия буда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
1.2. Комиссияи тахассусӣ дар фаъолияти худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.
1.3. Комиссияи тахассусӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумори мутахассисони вазорату идораҳо ва муассисаю ташкилотҳо, ки дар соҳаи иқтисод, молия ва савдо маълумоти олӣ доранд, таъсис дода мешавад. Шумораи Комиссияи тахассусӣ аз нӯҳ нафар кам буда наметавонад.
1.4. Комиссияи тахассусӣ аз раис, муовини раис, аъзоён ва котиби масъул иборат аст.
1.5. Аъзоёни Комиссияи тахассусӣ фаъолияти худро ба таври ройгон (бемузд) амалӣ менамоянд.
1.6. Комиссияи тахассусӣ дар фаъолияти худ Сарқонуни (Конститутсияи) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» ва ҳамчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигареро, ки соҳаи хариди давлатиро танзим менамоянд, раҳнамои амал қарор медиҳад.

2. Вазифаҳои Комиссияи тахассусӣ
2.1. Вазифаҳои Комиссияи тахассусӣ аз инҳо иборатанд:

- таъмини риояи ҳатмии қонунгузорӣ дар бораи хариди давлатӣ;
- баланд бардоштани самаранокии хариди давлатӣ;
- пешгирӣ намудани харидҳо аз ҷониби ташкилотҳои харидори ғайриихтисоснок.

3. Функсияҳои Комиссияи тахассусӣ
3.2. Функсияҳои Комиссияи тахассусӣ инҳо мебошанд:

- муайян кардани тахассуси ташкилоти харидор дар бобати амалӣ намудани хариди давлатӣ;
- ба ташкилотҳои харидор додани мақоми ташкилоти харидори соҳибихтисос;
- маҳрум намудани ташкилоти харидор аз мақоми ташкилоти харидори соҳибихтисос дар ҳолати аз тарафи он вайрон карда шудани қонунгузорӣ дар бораи хариди давлатӣ.

4. Тартиби кори Комиссияи тахассусӣ
4.1. Комиссияи тахассусӣ фаъолияти худро бо роҳи гузаронидани ҷаласаҳо амалӣ менамояд.
4.2. Ҷаласаҳои Комиссияи тахассусӣ моҳе на камтар аз як маротиба гузаронида мешаванд.
4.3. Агар дар ҷаласаи Комиссияи тахассусӣ на камтар аз 2/3 аъзоёни он иштирок намоянд, дар ин ҳолат ҷаласа салоҳиятдор шуморида мешавад.
4.4. Қарори Комиссияи тахассусӣ бо аксарияти овозҳои якхела қабул карда мешавад. Дар сурати баробар будани овозҳои «тарафдор» ва «муқобил», овози раис ё шахси ивазкунандаи вай ҳалкунанда мебошад.
4.5. Расмиёти ҷаласа ва қабули қарорҳо бо протоколи ҷаласаи Комиссияи тахассусӣ ба расмият дароварда мешавад. Протоколи ҷаласа аз ҷониби раис (шахси ивазкунандаи вай) ва котиби масъул ба имзо расонида мешавад.
4.6. Аъзоёни комиссия ба ақидаи махсус ҳуқуқ доранд, ки он ҳатман ба протокол ворид карда мешавад.
4.7. Омода намудани мавод барои ҷаласа ба зиммаи котиби масъули Комиссияи тахассусӣ вогузор мегардад.

Дар доираи омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи тахассусӣ котиби масъул вазифадор аст:

- рӯзномаи ҷаласаро омода созад;
- мукаммал будани ҳуҷҷатҳои аз тарафи ташкилотҳои харидор пешниҳодшударо тафтиш намояд;
- ҳуҷҷатҳои аз ташкилотҳои харидор воридшударо, ки барои баррасӣ ба ҷаласа пешниҳод мегарданд, тайёр намояд;
- таърихи гузаронидани ҷаласаро бо раиси Комиссияи тахассусӣ мувофиқа созад;
- дар бораи таърихи гузаронидани ҷаласа 10-рӯз пеш ба ҳамаи аъзоёни Комиссияи тахассусӣ хабар диҳад;
- рӯзномаи ҷаласаро ба ҳамаи аъзоёни Комиссияи тахассусӣ расонад;
- то оғози ҷаласа ҳузур доштани аъзоёни Комиссияи тахассусӣ ва мавҷудияти кворумро тафтиш намояд;
- дар бораи таърихи гузаронидани ҷаласаи Комиссияи тахассусӣ ба ташкилотҳои харидори манфиатдор хабар диҳад.

4.8. Қарори Комиссияи тахассусӣ дар шакли хулоса ба таври хаттӣ ба маълумоти ташкилотҳои харидори манфиатдор расонида мешавад. 

4.9. Қарори Комиссияи тахассусӣ дар бораи ба ташкилоти харидор додани мақоми ташкилоти харидори соҳибихтисос дар давоми 3-рӯз ба мақоми ваколатдор барои дохил намудан ба Феҳристи ташкилотҳои харидори соҳибихтисос пешниҳод мегардад.
4.10. Дар ҳолати бо қарори Комиссияи тахассусӣ розӣ набудан, ташкилоти харидори манфиатдор ҳуқуқ дорад ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бевосита ба суд шикоят намояд.
4.11. Аъзоёни Комиссияи тахассусӣ барои содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ аз рӯи тартиби муқаррарнамудаи қонун ҷавобгар мебошанд.