Вазифаҳои холӣ

26 январи соли 2017

Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 
барои ишғол намудани мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ

ОЗМУНИ КУШОД ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

Номгӯи  мансабҳо

Дастгоҳи марказӣ:

1. Бахши ҳуқуқ, такмил ва мониторинги хариди давлатӣ: сармутахассис – 1 воҳид (таҳсилоти олӣ дар соҳаи ҳуқуқ, собиқаи хизмати давлатӣ на кам аз 2 сол, ё собиқаи умумии меҳнатӣ аз руи ихтисос на кам аз 3 сол), маоши мансабӣ – 988 сомонӣ;

2. Шуъбаи амалисозии хариди давлатӣ барои бахши ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ: сармутахассис – 1 воҳид ( таҳсилоти олӣ дар соҳаи идоракунии хариди давлатӣ, ё таҳсилоти олӣ дар соҳаи иқтисодиёт, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнати), маоши мансабӣ - 988 сомонӣ; 

3. Шуъбаи таҳлил, назорат ва таъмини иттилоотии хариди давлати: мутахассиси пешбар – 1 воҳид  (таҳсилоти олӣ дар соҳаи  иқтисодиёт, ё дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ,  собиқаи умумии меҳнатӣ аз руи ихтисос на кам аз 1 сол), маоши мансабӣ – 806 сомонӣ;

Малакаи хуби кор бо компютер ва таҷҳизоти коммуникатсионии идоравӣ, донистани забони давлатӣ барои ҳамаи довталабон ҳатмист. Ба шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд, забонҳои хориҷиро медонанд ва унвонҳои соҳавии илмӣ доранд  афзалият дода мешавад.

Довталабон ба Комиссияи озмунӣ ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд: 
- ариза ба унвони  роҳбари мақомоти давлатӣ (шакли муқарраршуда); 
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо ду дона акси андозаи 4х6); 
- тарҷумаи ҳол; 
- нусхаи шиноснома; 
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот; 
- нусхаи ҳучҷати тасдиқкунандаи собиқаи меҳнатӣ (дафтарча меҳнатӣ); 
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсони уҳдадори ҳарбӣ); 
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 086); 
- нусхаи гувоҳнома аз мақомоти андоз (РМА); 
- маълумотнома аз ҷои зист; 
- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);

Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои талабгардидаро тавассути суроғаи электронии info@zakupki.gov.tj ё ба суроғаи ш.Душанбе, кўчаи Шота Руставели, 22 пешниҳод намуда, маълумоти иловагиро оид ба низоми озмун, салоҳият ва вазифаҳои мансабӣ тавассути телефони 227- 66-21 ё сомонаи www.zakupki.gov.tj  дастрас намоянд.

Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо то соати 17.00 баъд аз гузаштани муҳлати 21 рӯзи нашри эълони мазкур дар васоити ахбори омма.