Харидҳои электронӣ

Мизоҷони гиромӣ,

Бинобар зарурияти ноил гаштан ба истифодаи ҳаддалимкон самараноки маблағҳои давлатӣ, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2012 вазифаи ҷорӣ ва истифодаи технологияҳои иттилоотии муосир дар мавриди хариди давлатии молу маҳсулот гузошта шудааст.

Иҷрои супориши мазкур дар доираи Барномаи хариди электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2012 №769 қабул карда шудааст, таъмин карда мешавад. Дар Барномаи мазкур муносибатҳои асосӣ оид ба гузариши марҳила ба марҳила ба хариди электронӣ дарҷ гардида, мутобиқ ба он анҷом додани харидҳои электронӣ барои фармоишгарони интихобшуда дар реҷаи озмоиш дар нимсолаи якуми соли 2013 ба нақша гирифта шудааст. Харидҳои электронӣ нисбати хариди молҳое, ки ба Рӯйхати молҳои аз ҷониби мақоми ваколатдор тасдиқшуда ворид шудаанд, бо истифодаи усули дархости нархнома татбиқ карда мешавад.

Бо ин мақсад, низоми худкори хариди давлатӣ таҳия гардидааст, ки ба таври назаррас коҳиш додани омили таъсири шахсиро дар расмиёти хариди давлатӣ имкон месозад. Дар баробари ин, зарурати бунёди низоми аз рӯи имконият дар истифода содда ва қуллай ба инобат гирифта шуд.

Муқоисаи нархномаҳои иштирокчиён аз тарафи низоми худкор амалӣ гардида, зарурати таъсис ва фаъолияти комиссияҳои тендериро истисно мекунад. Нақши омили шахс бо иҷрои расмиёти тафтиши пешниҳод ва мутобикати ҳуҷҷатҳои ғолиби озмун аз ҷониби оператори майдончаи электронӣ махдуд мегардад. Қарори оператор оид ба иҷозат ё рад кардани нархнома, инчунин протоколҳои дахлдори аз ҷониби низоми худкор тавлидшаванда дар қисми кушодаи Портал дастрас мегарданд.

Бартариятҳои хариди электронӣ:

Барои фармоишгарон:

  • Имконияти сарфаи бештари маблағҳои ташкилот;
  • Мӯҳлати камтари расмиёти хариди давлатӣ;
  • Озод гардидани кормандони қабл дар расмиёти харид машғулбуда;
  • Коҳиши назарраси хавфҳои байниидоравии марбут ба амалҳои дорои хусусиятҳои коррупсионӣ;

Барои довталабони фармоиши давлатӣ:

  • Дастрасии бемамониат барои иштирок дар хариди давлатӣ;
  • Муносибати беғаразона ҳангоми муқоиса ва арзёбии пешниҳодот;
  • Кам  намудани хароҷоти иштирок дар расмиёти харид;
  • Шакли содда ва қуллайи иштирок дар харидҳои давлатӣ;

Барои ҷомеа дар маҷмӯъ:

  • Бунёди механизми назорати ҷамъиятии харидҳо дар марҳилаҳои гуногуни расмиёт;
  • Таъмини шаффофият ва рақобати баробар байни иштирокчиён;
  • Дастрасии иттилоот оид ба феҳристҳои гуногуни хариди давлатӣ дар реҷаи онлайн.

Ҳамаи амалиёт дар доираи хариди электронӣ аз утоқи кории истифодабарандагон амалӣ гардида, ворид шудан ба он барои ташкилотҳои харидори соҳибихтисос ва довталабон барои соҳиб гаштани фармоиши давлатӣ дар мавриди мавҷудияти логин ва парол, ки ҳангоми баимзорасии Созишнома дар бораи истифодабарии веб-портали хариди давлатӣ дода мешавад, имкон мебошад. Аз номи фармоишгароне, ки дорои мақоми ташкилоти харидори соҳибихтисос намебошанд, ҳамаи амалиёт аз тарафи Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ анҷом дода мешавад.

Аз довталабони фармоишҳои давлатӣ инчунин ташкили профили худӣ тавассути дар утоқи шахсӣ пешниҳод намудани иттилоот дар формати электронӣ, дар шакли ҳуҷҷатҳои сканершуда, ки мутобиқати иштирокчиёнро ба талаботҳои тахассусии пешбинишудаи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ” тасдиқ мекунанд, талаб карда мешавад.

Омӯзиш ҷиҳати кор дар низоми худкор хариди давлатӣ баъди гузаштани расмиёти бақайдгирӣ гузаронида мешавад.   

Барои гирифтани маълумот хоҳишмандем ба суроғаи мазкур муроҷиат намоед:

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯчаи Шота Руставелӣ,22


Дидани Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи миқёси калонтар

Тел. (+992 37) 221-47-03

Email: info@zakupki.gov.tj